Эронияму тоҷик
Тоҷикаму эронӣ
Ин риштаи улфатро
Донам раҳи моноӣ
Нурест маро ҳамроҳ
Аз фарраи яздонӣ
Ҳамвора маро ҳофиз
Аз хавфу парешонӣ
Хоки ватанам дорад
Як накҳати раҳмонӣ.
Ҳар зарраи ин хокаст
Як дурри бадахшонӣ
Аз Коваи оҳангар
То пури самангонӣ
Аз Курушу аз Доро
То Хусpави сосонӣ
В-он шери Хyросонам
Исмоили Сомонӣ
Карданд ба дасти хеш
З-ин мулк нигаҳбонӣ
Аз Саъдию Ҳофиз то
Фирдавсию Хоқонӣ
Аз Румию аз Хайём
То Бедилу Cистонӣ
Чатрест маро бар сар
Дар ин шаби туфонӣ
Бинмуда фарҳангам
маҳфуз зи вайронӣ
Эӣ хоҳару эй додар
Марвию сипоҳонӣ
Эй аҳли Самарқанду
Яғнобию хатлонӣ
Балхию бухорию
Мастчоию кошонӣ
То якдилу якрангем
Мемонаму мемонӣ
Дар гӯши ҷаҳон хонем
Чун булбули хyшхоне
“Сулҳу баракат бодо,
”Бар ҷони ту арзонӣ !”
© Ҳажири Теҳронӣ
Эрон-2014