БА ДИДОРАМ БИЁ ҲАР ШАБ

Standard

image

Ба дидорам биё ҳар шаб,
дар ин танҳоии танҳову торики Худо монанд,
Дилам танг аст.
Биё, эй рӯшан, эй рӯшантар аз лабханд
Шабамро рӯз кун дар зери сарпӯши сиёҳиҳо
Дилам танг аст.

Биё, бингар, чи ғамгину ғарибона
Дар ин айвони сарпӯшида ва ин толоби моломол
Диле хушкардаам бо ин парастуҳову моҳиҳо
Ва ин нилуфари обиву ин толоби маҳтобӣ
Биё, эй ҳамгуноҳи ман дар ин барзах
Биҳиштам низу ҳам дӯзах

Ба дидорам биё, эй ҳамгуноҳ, эй меҳрабон бо ман,
Ки инон зуд мепӯшанд рӯ дар хобҳои бегуноҳиҳо
Ва ман мемонаму бедоди бехобӣ
Дар ин айвони сарпӯшидаи матрук
Шаб уфтодасту дар толоби ман дерест,
Ки дар хобанд он нилуфари обиву моҳиҳо, парастуҳо.

Биё имшаб, ки бас торику танҳоям,
Биё, эй рӯшанӣ, аммо бипӯшон рӯй,
Ки метарсам, туро хуршед пиндоранд
Ва метарсам, ҳама аз хоб бархезанд
Ва метарсам, ки чашм аз хоб бардоранд.
Намехоҳам, бибинад ҳеч кас моро,
Намехоҳам, бидонад ҳеч кас моро.

Ва нилуфар, ки сар бармекашад аз об,
Парастуҳо, ки бо парвозу бо овоз
Ва моҳиҳо, ки бо он рақси ғавғоӣ
Намехоҳанд, бифаҳмонанд, бедоранд.
Шаб уфтодасту ман танҳову торикам
Ва дар айвону дар толоби ман, дерест дар хобанд
Парастуҳову моҳиҳо ва он нилуфари обӣ.
Биё, эй меҳрабон бо ман!
Биё, эй ёди маҳтобӣ!

©  МАҲДӢ АХАВОНИ СОЛИС

Advertisements